12,5 соли Бутаев барои қасди сафар ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Буттаев.М-ро барои қасди сафар ба Сурия ва зархаридӣ ба 12,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон Бутаев ғояҳои созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Русия қабул кардааст: “Ӯ замони муҳоҷирати меҳнатӣ дар Самара тавассути шабакаи интернетии “Зелло” дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” бо “Муҳаммад Муовия”, узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном “Давлати исломӣ” робита барқарор намуда, даъвати ӯро барои сафар ба Сурия ва пайвастан ба сафи ҷангиёни ин созмон пазируфтааст”.
Манбаъ мегӯяд, “Муҳаммади Муовия” барои Бутаев чиптаи электронии хатсайри “Самара-Маскав-Кишинёв-Истанбул” харидааст: “Ӯ 27-уми декабр дар фурудгоҳи шаҳри Самара ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои хатсайри “Самара-Маскав” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид. Бутаев моҳи марти соли равон ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуд”.