Зуҳуров дар бораи тағйири қонуни танзим: Айб дар қонун не, дар мусалмонии мост
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ тағйирот ворид кард.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, аз 54 тағйироти пешниҳодшуда ба қонуни мазкур 30-тои он қабул шуд. Ӯ шарҳ дод, ки қаблан дар назар буд, вақт ва шеваи гузарондани баъзе маъракаҳоро тағйир диҳанд, аммо зимни баррасӣ ба хулосае омаданд, ки мардум ба муқаррароти феълӣ давоми 7 соли охир одат карданд ва зарурате ба иловаҳо нест. Ғаффоров гуфт, тағйироте, ки дар қонуни мазкур қабул шудаанд, ба мутобиқ гардондани он ба Конститутсия равона шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо зикри баъзе пешравиҳо дар мавриди танзими ҷашну маросимҳо изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд. Ӯ шарҳ дод, "камбудӣ на дар қонун, балки дар мусалмонию одамгарии мост". Ба гуфтаи Зуҳуров бархе қонунро риоя намекунанд ва бо ҳар шеваю тартиб талош доранд ба исрофкорӣ даст зананд, ки он берун аз имконоти аксари мардум дар кишвар аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон хостори риояи бештари қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо шуд.