Санҷиш алайҳи вазирону мансабдорони дорои душаҳрвандӣ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонунгузории кишвар доштани душаҳрвандиро ба раиси Хадамоти гумрук, муовинҳояш, раҳбарону сараудиторҳои Палатаи ҳисоб манъ кард.
Абдуманон Холиқзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, тағйироти мазкур идомаи мутобиқсозии қонунгузорӣ ба Конститутсия мебошад. Ба гуфтаи ӯ агар мансабдорони воломақом шаҳрвандии кишвари дигарро қабул кунанд, аз мақомашон барканор мешаванд.
Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки оё феълан ягон мансабдор ё хизматчии давлатии воломақоми кишвар душаҳрвандӣ дорад, Холиқзода гуфт, баъди мутобиқсозии пурраи қонунгузорӣ дар мақомоти давлатӣ санҷиш гузаронда хоҳад шуд: “Агар ошкор шавад, ки мансабдорон дорои душаҳрвандӣ мебошанд, аз вазифа озод карда мешаванд”.
Тағйирот ба Конститутсия, ки моҳи майи соли 2016 қабул шуд, доштани душаҳрвандиро барои аъзои ҳукумату дигар хизматчиёни давлатӣ мамнуъ кард.