Садамаи “Ленд-Ровер”-у “Рав-4” ноболиғи 6-соларо кушт ва модарашро захмӣ кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳри Душанбе роҳгузари 6-сола ҳалок ва модараш маҷруҳ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 3 апрел дар маҳаллаи Испечаки пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи “Ленд-Ровер” сокини 39-солаи Душанбе ҳангоми ҳаракат ба самти маҳаллаи Чоряккорон бехатариро таъмин накарда, ба автомашинаи “Рав-4”–и сокини дигари Душанбе бармехӯрад”.
Манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Рав-4” дар навбати худ зани 39-солаи ноҳия Бохтар ва духтарашро пахш намудааст: “Дар натиҷа духтарча ҳалок ва модараш дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Вазорат мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.