Интиқоди Эътилоф аз дағалии милисаҳо ва дархост аз ҷабрдидаҳо
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз пароканда кардани иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.
Эътилоф бо такя ба иттилои Манзура Ҷӯраева, масъули “Мултикид”, созмони баргузоркунандаи намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа, изҳор доштааст, ки намояндагони милиса хеле дағалона иштирокдоронро пароканда карда, аксу наворҳоро нобуд намудаанд.
Эътилоф дар хитоб ба шоҳидон ва ҷабрдидаҳо изҳор доштааст, тавассути шумораҳои 98 708 76 76 ва 98 787 66 66 муроҷиат намоянд, то нақзи ҳуқуқи иштирокдорони намоишгоҳ аз сӯи кормандони мақомот ҳуҷҷатгузорӣ шавад.
Намоишгоҳи мазкур 1-2 апрел дар ошёнаи дуюми бинои “Душанбе Плаза” дар назар буд. Дар пайи пароканда кардани намоишгоҳ Вазорати маориф ва илм изҳор дошт, “Мултикид” бидуни иҷозатнома ин иқдомро пеш гирифтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз амали маъмурини милиса ҳимоят карда, гуфт, онҳо қонуншикание накардаанд.