Боздошти падару писар бо иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори Қӯрғонтеппа
Бо иттиҳоми даст доштан дар таркиши шаҳри Қӯрғонтеппа ду нафар дастгир шудааст.
“Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амалиёт барои боздошти ин ду нафар дар рустои Зарбдори Қӯрғонтеппа анҷом шудааст. Боздоштшудаҳо падару писар будаанд, аммо ному насаби онҳо ифшо нашудааст.
Шаби 12 марти соли равон дар кӯчаи Айнӣ, воқеъ дар наздикии бинои Додситонии ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон таркиш ба амал омад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ гуфт, дар пайи инфиҷор Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар Литсеи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси посбон кор мекардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон карда буд, афроди номаълум маводи мунфаҷираро дар ҷои намоён гузоштаанд, то роҳгузарон онро дида, бардорад. Гуфта мешавад, посбони 67-сола ҳангоми аз мағоза баргаштан, бастаи шубҳанокро дида, хостааст, онро ба шӯъбаи дохилӣ бубарад, аммо он метаркад.