Ҳалокати 2 кӯдак дар пайи сӯхтори хонаи Ҳаитовҳо
Сӯхтори шаби 3-юми апрел, ки дар ноҳияи Қубодиён рух додааст, ҷони ду кӯдакро рабудааст.
Тавре аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, сӯхтор дар деҳаи Киёти ҷамоати Носири Хисрав рух додааст: “Дар натиҷа ду кӯдаки хонавода-Ҳаитов Субҳонидин, соли тавалудаш 2010 ва Ҳаитова Сумая, соли тавалудаш 2012 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додаанд”.
Мақомот далели сар задани сӯхторро расиши кӯтоҳи барқӣ арзёбӣ мекунанд.