Сарвар Бахтӣ дар бораи хабари маҷруҳ шудани як тоҷик дар инфиҷори Питер: Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест
Губернатори Санкт-Петербург гуфтааст, миёни маҷруҳони таркиши рӯзи 3 апрел дар истгоҳи метрои Санкт-Петербург се шаҳрванди хориҷӣ ҳам ҳастанд.
Георгий Полтавченко, имрӯз, 4 апрел дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, миёни 49 нафаре, ки баъди инфиҷор ба беморхона интиқол ёфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Белорусия низ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, авзои 12 маҷруҳ вахим аст. Аммо Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ин хабар асос надорад. Ӯ дар суҳбати катбие ба "Озодагон" гуфт, “кормандони консулгарии генералӣ ба беморхона рафта ва нафареро, ки шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешуд, аёдат карданд. Маълум гардид, ки вай шаҳрванди кишвари мо нест”.
Дар пайи таркиши бомб дар қатори метро миёни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институт” дар истгоҳи “Петроградская” 14 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 нафар ҷароҳат бардошт. Дар робита дар шаҳри Санкт-Петербург се рӯзи мотам эълон шудааст.
Яке аз муттаҳамони аслии ин бомбгузорӣ Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия гуфта мешавад.