Душанбе: Русия 63%-и бозорро гирифта, боз бештар мехоҳад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Маскав ва ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо барои парвозҳои ширкати ҳавоии русии “Ямал” ба Тоҷикистон изҳорот нашр кардааст.
Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз, 4 апрел пахш гардидааст, яке аз далелҳои ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо, нобаробарии парвозҳо миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар арзёбӣ шудааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, тибқи созшномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия парвози ҳавопаймоҳои ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар бояд бар асоси баробарӣ ё “паритет амалӣ гардад. Ба иттилои ин ниҳод феълан хилофи баробарӣ бештари парвозҳоро ширкатҳои русӣ анҷом медиҳанд ва илова ба ин Русия боз талаб кардааст, ки “Ямал” ҳафтае 7 маротиба ба Душанбею Хуҷанд парвоз анҷом диҳад: “Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавоии Русия ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар ду моҳи охир 496 парвоз анҷом додаанд, вале аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия танҳо 295 парвоз сурат гирифтааст”.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба парвозҳои “Ямал” гуфтааст, ба Русия пешниҳод кардаанд, то “Ямал” ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб анҷом диҳад, аммо “Ямал” қабул накардааст.
Манбаъ афзуд, баъдан пешниҳод кардаанд, ки ширкати ҳавоии “Ямал” ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом диҳад, ки ин пешниҳодро ҳам напазируфтааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик “Ямал” мехоҳад ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае на 2 парвоз, балки 7 парвоз анҷом диҳад, ки боиси норозигии мақомоти Тоҷикистон шудаст.
Дар посух мақомоти Русия аз 3 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав маҳдуд карда ва то ҳол ин қазия ҳалли худро наёфтааст.