Рекорди қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон имрӯз, 4-уми апрел ба 8,43 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ то 150 сомонӣ боло рафтааст.
Дар ин бора бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар овезаҳои қурби асъори хориҷӣ иттилоъ додаанд, ки баландтарин нишондод давоми моҳҳои охир мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8,3090 ва қурби рублро 0,1457 муқаррар кардааст.
Дар ҳоле, ки корафтодаҳо аз мушкили хариди доллар аз саррофиҳои бонкҳои тиҷоратӣ шикоят доранд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.