Таҳдиди 8 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои харид бо пули қалбакӣ
Додситонии Волгоград парвандаи ҷиноӣ нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистонро ба додгоҳ фиристодааст. Ӯ дар муомилоти пули қалбакӣ муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати тафтишоти Волгоград, Ф.Норматов моҳи марти соли 2016 аз Самара ба ин шаҳр омада, аз мағозае пиво мехарад ва 5 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Рӯзи гузашта ӯ ба Самара бармегардад, фурӯшанда мефаҳмад, ки ин пул тақаллубӣ аст.
Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ бо истифода аз сабтҳои дурбинҳои назорати шахсияти шаҳрванди Тоҷикистонро маълум ва ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Пулиси Самара хабар додааст, ки гумонбаршударо барои ҷинояти мушобеҳ дастгир намудааст ва додгоҳ нисбати вай айб эълон кардааст: “Дар Волгоград низ ӯро баррасии додгоҳӣ интизор аст. Дар сурати исботи гуноҳ вайро то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад”.