Ҳизби ҳоким хостори то 6 соли зиндон барои барқдуздҳо шуд
Вакилони ҳизби "Русияи воҳид" мехоҳанд, барои дуздии барқ 6 сол зиндон муқаррар шавад. Вакилони ҳизби мазкур дар ин бора лоиҳаи қонун эҷод ва барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия фиристодаанд.
Дар лоиҳа омадааст, ки дар сурати бо хоҳиши худ дар бораи дуздии барқ хабар додан ва пардохти зарар, ҷавобгарии ҷиноятӣ бекор мешавад.
Вакилон ҳамчунин мехоҳанд, моддаи мавҷуда дар бораи "ба корношоямӣ расонидани лӯлаҳои нафт, маҳсулоти нафтӣ ва лӯлаҳои газ" такмил шавад. "Мо бар ин назарем, ки ба ин амалҳо дуздии барқ низ баробар дониста шавад", - менависанд муаллифони лоиҳа.
Дар сурати қабули лоиҳаи мазкур, барои дуздии барқ ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 500 ҳазор рубли русӣ, ё то панҷ сол корҳои ислоҳӣ ва ё то 6 сол маҳрумият аз озодӣ бо ҷаримаи то 80 ҳазор рубл таъйин мешавад.
Вакилон мегӯянд, дар сурати қабули лоиҳа на танҳо даромади соҳаи барқ меафзояд, балки амнияти Русия низ таъмин мешавад.