Рустами Эмомалӣ вакили шаҳри Душанбе шуд
Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо касби наздик ба 85 дарсад раъй барандаи интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт шуд.
Бино ба иттилои Абдулло Холиқов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе, ба тарафдории Рӯстами Эмомалӣ дар ҳавзаи №25
84,80 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Ҳикматулло Саидиён, аз ҳизби демократӣ 2,63 ва Фазлиддин Икромов, аз ҳизби аграрӣ 7,81 дарсад раъй гирифтаанд.
Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи №25 ба курсии Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе мешинад, ки ваколаташ рӯзи 7 феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Дар ҳавзаи №62 бошад, Маҳмадсаид Зувайдзода, намояндаи ҳизби халқӣ-демократӣ бо 75,11 дарсад раъй ғолиб шудааст. Ба ҷонибдории Маъсума Алиева, намояндагони ҳизби аграрӣ 11,6 ва Фазила Файзуллобекова аз ҳизби коммунист 8,78 дарсад раъй додаанд.
Рустами Эмомалӣ 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.