“Сомон Эйр”: Моро дер огоҳ карданд, пули билетҳои фурӯхташударо бармегардонем
Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” дар пайи қатъи парвозҳо аз Душанбеву Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия аз мусофиронаш узр хостааст.
Ин ширкат дар як иттилоия мегӯяд, Вазорати нақлиёти Русия 31 март онҳоро огоҳ кард, ки аз 3 апрел парвозҳо аз Душанбе ба Маскав дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе, инчунин ҳамаи парвозҳо аз Хуҷанд ба самти Маскав қатъ мегардад. “Феълан, ширкати ҳавопаймоӣ парвози ҳамаи хатсайрҳоеро, ки ба рӯйхати дар боло зикргардида ворид шудаанд, қатъ мекунад ва изҳори таассуф менамояд, ки бо сабаби аз ҷониби Русия дер огоҳ кардани чунин вазъият, ба мусофирони худ нороҳатӣ эҷод кард. Маблағи барои чипта сарфкардаи мусофирон дар макони онро ба даст оварда баргардонида мешаванд”.
“Сомон Эйр” мегӯяд, барои муайян кардани сабабҳои чунин қарори Вазорати нақлиёти Русия талош хоҳад кард ва умедвор аст, ин масъала ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл мегардад.
Вазорати нақлиёти Русия якшанбеи 2 апрел эълон кард, ин маҳдудият аз соати 8:30 дақиқа (ба вақти Маскав)-и рӯзи 3 апрел шурӯъ мегардад. Дар иттилоияи ин вазорат сабаби маҳдуд шудани парвозҳо иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ямал”-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд гуфта мешавад.
Аз ин пеш, 23 декабр Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро ба баъзе минтақаҳо қатъ карда буд.
Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав соли гузашта дар пайи он сар зад, ки мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Масъулини ширкати “Ямал”-и Русия мегӯянд, Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири Жуковский - Хуҷанд ва Жуковский- Душанбе иҷозат надода, далел овардаанд, ки парвозҳои феълӣ барои таъмини талабот кофӣ мебошанд.