Ҳалокати 3 нафар дар пайи чаппашавии мошин ба ҷарӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар пайи чаппашавии ду мошини боркаш ба ҷарӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, баъди зуҳри 31-уми март ронандаи 32-солаи автомашинаи “Форланд”, сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии баландиаш тахминан 30-40 метрӣ чаппа намудааст: “Дар натиҷа ронанда ва мусофири он, марди 20-солаи сокини ноҳияи Балҷувон ба ҳалокат расиданд”.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи беэҳтиётӣ автомашинаро ба ҷуқурии тахминан 10-метрӣ чаппа карда, дар натиҷа ҳалок гардид.