Бидуни шӯхӣ: Доллар боз боло рафт
Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 1-уми апрел, қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақдро 8,35 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки 10 дирам нисбат ба аввали ҳафта боло рафтааст. Арзиши 1000 рубли русӣ низ ҳудуди 5 сомонӣ қимат шудтааст.
Тибқи овезаҳои бонкҳои тиҷоратӣ қурби як доллар барои имрӯз 8,34-8,35 сомонӣ, қурби 1000 рубл 147 -149 сомонӣ ва як евро 8,65-8,73 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон барои бозори байнибонкӣ қурби як доллари амрикоиро имрӯз, 1-уми апрел 8,2697 сомонӣ муайян карда, арзиши рублро 0,1455 муқаррар намудааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, болоравии курби доллар хислати мавсимӣ дорад.