17,5 миллион $ барои терминал ва хатти муосири фуруд (АКС)
Ҳукумати Ҷопон барои бунёди терминали боркшонӣ, хариди системаи фуруд ва чароғҳои роҳнамо барои фуруди аниқи ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 17,5 миллион доллар кӯмак кардааст.
Дар ин бора Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон имрӯз, 31-уми март, зимни оғози сохтмони терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳ изҳор дошта, гуфт, маблағи мазкур барои сохтмони терминали боркашӣ ва беҳбуди хадамоти фурудгоҳ равона шудааст.
Ҷаноби Ҳаҷиме Китаока гуфт, лоиҳаи такмил ва тақвият додани Фурудгоҳи байналмилалӣ барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта,Ҷопон барои дастгирӣ ва таҳкими равобити дустона бо Тоҷикистон ҳамеша талош хоҳад кард.
Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, сохтмони терминал дар ду марҳила-сохтмони терминали боркашонӣ ва барқтаъминкунию ободонии терминали боркашонӣ дар назар аст: “Қисмати аввал бо маблағгузории Ҷопон роҳандозӣ шуда, барои қисмати дуввум гуфтугӯҳо бо донорҳо идома дорад”.
Суҳроб Мирзоев афзуд, чунин терминал то ҳол дар фурудгоҳ вуҷуд надошт: “Сохтмони чунин як терминал имкон медиҳад, ки барои воридоту содироти бор ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъсири зиёд дорад”.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони терминали боркашонии мазкур ба уҳдаи ширкати ҷопонии “Нипон Костракшн” гузошта шуда, то охири соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.