Э.Раҳмон раисони Хуҷанду Истаравшанро иваз кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 31-уми март раисони ду шаҳри вилояти Суғдро иваз намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд ва Наим Набизода, раиси шаҳри Истаравшанро бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод намудааст.
Манбаъ афзуд, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Баҳром Иноятзода ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.