Душанбе хост, СПАД "ҲНИТ"-ро террористӣ эълон кунад: Кабирӣ озодона равуо дорад
Тоҷикистон хостори террористӣ-экстремистӣ эълон шудани ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони “Гуруҳи 24” аз сӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.
Ин нукта имрӯз, 31-уми март зимни конфронси ҷумҳуриявӣ, ки аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва созмони “Дӯстони Русия” дар Душанбе ташкил шуд, баён гардид.
Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, гарчанде аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудани “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24” муддати зиёд сипарӣ шуд, то ҳол ин ташкилотҳо аз ҷониби бархе давлатҳо ҳамчун ҳизбу ҳаракати ба истиллоҳ оппозитсионӣ дониста шуда, дар баъзе давлатҳо ба аъзои он паноҳгоҳи сиёсӣ низ дода мешавад: “Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамроҳ бо аъзои ташкилоти мамнӯи “Гуруҳи 24”, бо бурҷи сурх дар пайгарди Интерпол қарор дода шуданд. Бо вуҷуди ин бо истифода аз баъзе пуштибониҳо дар қаламрави Аврупо ва кишварҳои дигар озодона рафтуомад доранд. Вақтҳои охир бо мақсади паст задани обруйу нуфузи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо дастгирии баъзе ташкилоти ба ном ғайридавлатӣ гирдиҳамоиҳо барпо намуда, нисбати ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон эътирозҳои баръало таҳқиромез баён мекунанд”.
Талбакзода аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки ҳатто кишварҳои узви СПАД дар террористӣ эълон кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба таъхиркорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ гуфт, шомил кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба феҳрасти ягонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, мақомоти кишварҳои узвро водор мекунад, ки барои боздошту истирдоди аъзои ҲНИТ-у "Гуруҳи 24" чораандешӣ кунанд.
Ба ақидаи Талбакзода дар ҳошияи созишномаҳои имзошудаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ заминаи ҳуқуқӣ барои террористӣ-экстремистӣ эълон кардани ҲНИТ-у "Гуруҳи 24" фароҳам мебошад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24”-ро террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.