Маҷлиси ҳукумат: Аз таъини муовини вазири дохилӣ то...
Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ муовини вазири умури дохилӣ таъин гардидааст. Таъиноти Саидзода Маҳмадсаид Борон, имрӯз, 31 март дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Қасри миллат баргузор шуд, сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент дар идома Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 гузориш додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намудааст, аз ҳоло барои хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи сухт тадбирҳо андешанд: “Супоришҳои дигар ҳамчунин барои истифодаи самараноки нерӯи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он, фаъолияти пурсамари марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани иншооти гуногун, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дода шуд”.
Дафтари матбуоти Президент меафзояд, аъзои ҳукумат инчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, монанди лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудаанд: “Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия” пешниҳод карда шуд”.