Ҷопон ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ифтихорнома дод (АКС)
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро бо Гувоҳномаи фахрӣ сазовор кард.
Маросими супурдани ин Гувоҳнома имрӯз дар қароргоҳи Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор шуд ва Сафири Ҷопон Ҳаҷиме Китаока ин Гувоҳномаро ба Котиби генералии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ширинҷон Маҳмадсафоев супурд. Дар ин маросим ҳамчунин Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҷудокорони варзида ва мураббиёни ҷудо низ иштирок доштанд.
Сафири Ҷопон гуфт, ки бо Гувоҳномаи фахрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ниҳодҳо ва чеҳраҳое сазовор мешаванд, ки дар кишвари худ барои рушди варзиши ҷудо талош ва саҳми беназир мегузоранд: “Ба назари ман ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин Гувоҳнома хеле дертар дода шуд. Аммо бо такя ба ҳамон мақоли русии “Лучше поздно, чем никогда” бо ифтихори бузург имрӯз ман онро месупорам”.
Сафири Ҷопон ҳамчунин гуфт, мо аз ин ки миёни теъдоди умумии варзишкорони тоҷик 10 дарсадашон ҷудоро интихоб кардаанд, хеле хурсандем ва бо мақомоти Тоҷикистон дар ин замина ҳамкории бисёр хуб дорем.