Борбад: Донишмандон ба Р.Эмомалӣ ваъдаи 25 сол қабли падарашро ёдрас карданд
Гуруҳе аз донишмандону равшанфикрони Тоҷикистон бо нашри як номаи боз дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз раиси тозатаъини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дархост кардаанд, ки муҷассамаи Борбади Марвазиро дар шаҳри Душанбе барафрозад.
Дар ин нома, ки дар садри он донишмандони маъруфе чун Раҳим Масов, Мӯсо Диноршоев, Кароматулло Олимов, ҳунармандон Ҷӯрабек Муродов, Саидқул Билолов қарор доранд, ҷамъан исми 35 донишманду шоиру нависандаву мусиқишиноси шаҳири тоҷик дида мешавад.
Равшанфикрон дар ин нома зикр кардаанд, ки дар замони ҷашнгирӣ аз 1400-солагии Борбад пешниҳод шуда буд, ки дар пойтахти Тоҷикистон муҷассамаи поягузори мусиқии машриқзамин (аз ҳисоби саҳмгузорони ҷашн ва саҳми хосаи шаҳрдории Душанбе) афрошта шавад. Дар идома зикр кардаанд, ки “мутаассифона бо сабаби ба вуқуъ пайвастани ҷанги таҳмилӣ маблағи ҷамъшуда (саҳмияи аз корхонаҳо воридгардида ва дар бонк гузошташуда) ба истилоҳ бе ному нишон ғайб зад ва то имрӯз гузоштани ҳайкали Борбад ба таъхир афтод”.
Дар ин нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли 1992 раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин мусоҳибаи телевизиониашон соли 1992 дар посух ба суоли гуруҳи зиёди зиёиёни кишвар иброз намуда буданд, ки муҷассамаи Борбадро ҳатман мегузорем.
Дар интиҳои номаи худ гуруҳи равшанфикрон шароити ҳозирро барои барафрохтани тандиси Борбад мусоид арзёбӣ карда, аз раиси шаҳри Душанбе хостаанд, ки “иқдоми хоса ба харҷ диҳад”.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли 1990 дар сатҳе хеле муҳташам аз 1400-солагии Борбади Марвазӣ ҷашн гирифта шуд, ки ин ҷашнвора Муншии генералии Шӯрои мусиқии ЮНЕСКО ва сарояндаи маъруф Муҳаммадризо Шаҷариён ва шахсиятҳои маъруфи дигари мусиқии Шарқу Ғарб ширкат карда буданд. Кохи тозабунёди шаҳри Душанбе ҳам ба ифтихори ин ҷашнвора “Кохи Борбад” номгузорӣ шуд.