Пурсиш: Нуқтаи исти доллар куҷост?
Дар чанд рӯзи ахир арзиши доллар дар баробари пули миллӣ боз афзоиш ёфт. Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон рӯзи 27 март қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақдро 8,25 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки дар қиёс бо ҳафтаи гузашта боло рафтааст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: АЗ НИГОҲИ ШУМО НУҚТАИ ИСТИ ДОЛЛАР КУҶОСТ?
Алӣ АЛИЗОД, коршинос
Доллар нуқтаи исти муқараршуда надорад. Беқурбӣ ё бақурбии доллар аз рушди иқтисоди кишвар вобастааст. Дар Тоҷикистон, ки аслан истеҳсолот (асоси иқтисод) дар сатҳи хело поин қарор дорад, болоравии доллар дар баробари пули миллӣ табиист. Аз ин хотир шахсан барои ман ҳайратовар нест, агар доллар аз ҳазор сомонӣ гузарад.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Мутаассифона ҳеч нишонае, ки қурби сомонӣ нуқтаи исте дорад, дида намешавад. Ҳама омилҳо баръакси инро нишон медиҳанд, ки ин афтиш ҳадди ақал ду соли дигар давом хоҳад кард. Ягона имкони нигоҳдории қурби пули миллӣ давоми ин ду сол тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати иқтисодии кишвар аст, ки хеле баъид ба назар мерасад. Иқтисоди Тоҷикистон 80-85 дарсад ба пули муҳоҷирин бастагӣ дорад. Бо ин нуқтаи назар, ки пули муҳоҷирон 40-45 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, банда розӣ нестам. Аввалан, танҳо пулҳое ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки тавассути бонкҳо интиқол меёбанд. Дар асл ҳаҷми пулҳои интиқолёбанда 2 баробар бештаранд. Сониян, танҳо ҳамин пулҳои муҳоҷиринанд, ки тамоми соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар кишварро дар гардиш нигоҳ медоранд. Маблағҳои аз фурӯши алюминиву пахта ба кишвар воридшуда гардиши хеле маҳдуд доранд ва саҳмашон дар ММД камтар аз он аст, ки гуфта мешавад. Дар ҳоле ки интиқоли пули муҳоҷирин рӯз ба рӯз камтар мешавад, аз кадом нуқтаи исти қурби доллар мешавад ҳарф зад? Мутаассифона таҳлилҳо ҳама бар зарари қурби сомонӣ ҳарф мезананд. Пеш аз ҳама иқтисоди Русия, ки пули муҳоҷирин аз он ҷо ворид мешавад, то ҳанӯз дар ҳоли буҳронӣ қарор дорад ва бо вазъи ба вуҷудомада дар бозори нафт, буҳронитар мешавад. Иқтисоди Русия бастагии шадиде бо нафт дорад ва ҳеч далеле, ки дар ду соли оянда нархи нафт боло хоҳад рафт, вуҷуд надорад. Ҳатто дар сурати масалан соли оянда боло рафтани нархи нафт, он танҳо 1-2 сол баъд ба бозори хидматрасониву сохтмон (ҷои асосии кори муҳоҷирони тоҷик) таъсир хоҳад расонд. “Иқдом”-ҳое, ки гӯиё аз тарафи ҳукумат барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ гирифта мешаванд, бештар ба истеъмоли доруи дарднишон шабоҳат дорад, ки табобат. Баъдан агар тасодуфан иқдоми дурусте ҳам гирифта шуд, сатҳи фасод дар ҷоест, ки ҳеч иқдоме фоида нахоҳад кард.
Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Нуқтаи исти долларро имрӯз касе муайян карда наметавонад, ки он дар куҷо қарор мегирад. Қарор гирифтанаш ҳам дар гумон аст. Ин масъала ба касе пушида нест ва Бонки миллӣ ҳам ду се бор хабар дар бораи нигоҳ доштани қурби доллар бо қарз гирифтан аз Чину дигар кишварҳоро нашр карда буд, ки он ба хотири ором кардани мардум буд. То замоне ки Тоҷикистон воқеан ҳам истеҳсоли ватаниро ба роҳ намонад, қурби доллар ҳамин хел боло рафтан мегирад, чунки агар аз як тараф барои нигоҳ доштани қурби доллар қарз гирем, аз тарафи дигар ин пули қарзгирифта барои ворид кардани маҳсулот ба дигар кишварҳо меравад. Барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боло нарафтани қурби доллар фақат дар ғами истеҳсолот шудан лозим, бо қарз гирифтан то кай қурбро нигоҳ медоранд?
Сайдмурод НАБИЕВ, шореҳи масоили иқтисодӣ
Нуқтаи исти долларро муайян ё пешгӯӣ кардан душвор аст. Аммо месазад зикр кард, ки қонуни буҷаи соли ҷорӣ ба асоси нишондоди як доллар баробари 9 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки ба гумони ғолиб то охири сол қурби доллар то ба нуҳ сомонӣ ва ё зиёда аз он мерасад. Аммо як нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки болоравии кунуни доллар хислати мавсимӣ дорад. Чун ки тоҷирони тоҷик пас аз анҷоми соли нави Чинӣ ба хариди мол аз ин кишвар шурӯъ мекунад ва барои воридот албатта доллар зарур мешавад. Ин аст ки талабот ба доллар бештар шуд ва табиист қурби он боло меравад.
Сироҷиддин КАРИМЗОДА, сокини шаҳри Душанбе
Ба фикрам нуқтаи исти доллар бештар ба омилҳои беруна, буҳрони иқтисодӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳозир мебинем, ки зуд-зуд қурби доллар тағйир ёфта истодааст, лекин гуфтан душвор аст, ки охирон нуқтаи исти он ба чанд баробар хоҳад шуд. Ба ҳар сурат умедворем масъулин сари ин масъала чораандешӣ мекунанд, то қурби доллар дар баробари асъори миллӣ аз нишондодҳе, ки ҳамин шабу рӯз аст, боло наравад.