Таҳқиқи марги марди тоҷик дар боздоштгоҳ
Додситонии Русия марги шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи "Матросская тишина"-ро таҳқиқ мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия ҳодиса 26 марти соли ҷорӣ рӯх дода, ҷасад бо нишонаҳои бандшавии роҳи нафас дарёфт карда шуд: “Осори марги маҷбурӣ дар бадани ӯ пайдо нагардидааст. Прокуратураи шаҳри Маскав санҷиши далелҳои худкушии шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз кардааст”.
Ба иттилои додситонӣ феълан муфаттишон вайрон кардани талаботи нигоҳдории боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи рақами 1-и "Матросская тишина" ошкор кардаанд, ки саривақт рафтори ҳабсшудаҳоро назорат накардаанд.
Манбаъ мегӯяд, додситонии шаҳри Маскав сардори Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар шаҳри Маскавро вазифадор намуд, ки минбаъд барои пешгирии чунин ҳодисаҳо чораандешӣ карда, назорат дар боздоштгоҳҳоро пурзӯр намояд.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба таври мармуз дар боздоштгоҳ ҷон додааст, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир боздошт шудааст.