Мулоқоти Р.Эмомалӣ бо Баннет: 18,2 млн $ қонеъкунанда нест
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо Филипп Беннетт, ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳрро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ маънидод карданд.
Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки тарафҳо дар самтҳои обтаъминкунӣ, нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ, идораи партовҳои сахти маишӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтори коммуналӣ ҳамкорӣ намуда, сармоягузории Бонк дар пойтахт то имрӯз беш аз 18,2 миллион доллар ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда чандон қонеъкунанда намебошад: “Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, азнавсозии роҳҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд дар амалигардонии стратегияи таҷдиди корхонаҳои саноатӣ зарур шумурда шудааст”.
Ҷонибҳо аз имконоти зиёд барои ҳамкориҳо ёдовар шуда, умед кардаанд, ки Айтен Рустамова, роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Тоҷикистон дар амалисозии тарҳҳои муштараки инфрасохтори шаҳр нақши созгори худро мегузорад.