Омӯзгорони Ҳисор: Ду моҳ шуд музди меҳнати худро нагирифтаем
Бархе аз омӯзгорони макотиби миёнаи ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ду моҳ мешавад, ки маоши худро нагирифтаанд.
Муаллимони муассисаҳои таълимии №77-и деҳаи Алмосӣ ва №35-и ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор гуфтанд, инак моҳи дувум аст, ҳақмузди худро дарёфт накардаанд. Яке аз ин омӯзгорон дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, раҳбарияти таълимгоҳ далели пардохт нашудани маошҳоро дар набудани маблағ рабт медиҳанд: “Пештар сари вақт маоши худро дастрас мекардем, аммо давоми ду моҳ аст, ки наметавонем музди меҳнатамонро бигирем”.
Як муаллими дигар гуфт, ҳар бор ки дар бораи маош суол мекунанд, ҷавоб мегиранд, ки “ба наздикӣ мегузарад”. Вай афзуд: “Охирин маротиба гуфтанд, ки то охири моҳи март маошҳоятон мегузарад. Вале пагоҳ 30 март асту ҳанӯз маоши худро нагирифтаем”.
Қувват Саъдуллоев, иҷрокунандаи роҳбари Шӯъбаи молияи ноҳияи Ҳисор имрӯз, 29 март дар суҳбат ба “Озодагон” мушкили музди меҳнати омӯзгоронро тасдиқ намуд. Ӯ далели ин мушкилро ба иҷро нагардидани буҷаи ноҳия рабт дод: “Дуруст аст, ки дар моҳи декабр чунин қарздориҳо аз ҳисоби иҷро нашудани қисми буҷети ноҳия ба миён омада буд. Буҷаи ноҳия дар ҳаҷми 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иҷро нашуда буд”.
Ба гуфтаи ҷаноби Саъдуллоев, ҳоло омӯзгорони ноҳияи Ҳисор музди меҳнати моҳи февралро дастрас карда истодаанд ва пас аз 5-уми апрел моши моҳи мартро низ хоҳанд гирифт: “Мо қарздории ҳисоб надорем, зеро як моҳа қарздорӣ ҳисоб намешавад. Ва қарздориро мо ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардем. Аз Вазорати маориф ва илми кишвар низ мактуб карда буданд, мо ҷавоб гардонидем, ки ин мушкилӣ бартараф карда шуд”.
Қаблан омӯзгорони макотиби Ваҳдат, Кӯлоб, Зафаробод низ аз нагирифтани музди меҳнати худ шикоят карда буданд.