Аз 1 апрели 2017 то 1 апрели 2019. Комроншоҳ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум шуд
Гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки барои санҷиши гуштии баҳсбарангези Комроншоҳ ва Саидҷалол таъсис ёфта буд, аввалиро барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум намуд.
Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва раҳбари ин гуруҳи корӣ дар як мусоҳиба бо сомонаи расмии кумита изҳор доштааст, дар натиҷаи таҳлилҳои ҳамаҷониба гуруҳи корӣ қарор кард, ки Комроншоҳи Устопириёнро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз иштирок дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум намояд. Аммо ин муҷозот ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дахл надорад.
Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод.
Ба гуфтаи Дилшод Назаров, гуруҳ фаъолияти мактаби варзишии ба номи Ланглифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки мудириашро Комроншоҳи Устопириён бар уҳда дорад, ниҳ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудӣ ва мушкилоти ҷиддиро ошкор намудааст: “Аз натиҷа ба унвони роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол карда мешавад”.
Зимнан, дар асоси дастури раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, давоми як моҳ Қоидаҳои одоби варзишгарро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи кумита пешниҳод намояд.
УСТОПИРИЁН: ДОВАРОНУ МУХЛИСОН ХАТОЕ НАКАРДАНД, УЗР МЕХОҲАМ
Қабл аз он ки гуруҳи корӣ расман аз натиҷаи санҷиши худ хабар диҳад, Комроншоҳ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, дар ҷараёни хулосабарории гуруҳ иштирок дошт. Ба иттилои ӯ, “гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолати баргузории қисми ниҳоии гӯштингириро дар ҷоми "Пойтахт–2017", ки имрӯз 29 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи ман ва мураббиам Усто Устопириён баргузор гардид, иштирок намудам. Аз ҷараёни кори он, таҳлилу баррасии мутахассисон ва наворҳои видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатоӣ роҳ надоданд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоям ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хело пушаймон ҳастам. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи мухлисон ва ҳайати доварон узрпурсӣ менамоям. Ба қароре, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул гардидааст, ман розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам.Ба ҳамаи варзишгарон муроҷиат мекунам, ки этика ва одоби варзишгарро риоя намуда, ба давлату миллат содиқ ва вафодор бошанд”.