Душанбе: Ҷавонзанро дар хонааш мошин зер кардааст
Ҷавонзани 33-сола, сокини шаҳри Душанберо дар кунҷи хонааш “Камаз” зер карда, куштаст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи нохуш 28 март, тахминан соати 07:15 рух додаст: «Автомашинаи тамғаи “Камаз” таҳти идораи марди 27-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз кӯчаи Баҳор ба самти кӯчаи Камолаи пойтахт ҳаракат мекардааст. Дар вақти баромадан ба баландии роҳ муҳаррики “Камаз” хомӯш шуда, ба қафо ҳаракат кардааст ва ба девори ҳавлии истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар натиҷа, соҳибхоназан таги девор монда, ба ҳалокат расидааст: “Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Акс аз интернет