Голи Давронҷон сабаби шикасти мунтахаби Тоҷикистон шуд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин рақобаташ дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро бо нокомӣ ба поён бурд.
Бозигарони тоҷик дар дидор бо яккачини Яман, ки шоми 28 март дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамади пойтахти Қатар баргузор шуд, бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд. Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 9-уми аввали дидор ба дарвозаи ҳариф гол зад. Дар дақиқаи 41 Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон иштибоҳан тӯбро вориди дарвозаи дастаи худ намуда, ҳисобро мусовӣ кард. Голи дуввуми яманиҳоро дар дақиқаи 63 Ало Муҳаммад Абдулло Ал-Сосӣ зад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 шомили гуруҳи “F” буда, бо дастаҳои Яман, Флиппин ва Непал рақобат мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқот 13 июн бо Флиппин ва 5 сентябр бо Непал қувва меозмояд.