Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ парчами Тоҷикистон ҳанӯз баландтарин аст (АКС)
Тоҷикистон бо миллаи 165-метрии парчам миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз мақоми аввалро ишғол мекунад.
Кишвари мо то се соли қабл дар саросари ҷаҳон ҳам аввал буд. Моҳи сентябри соли 2014 вақте дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парчаме бо миллаи 170 метр қомат афрохт, рекорди Тоҷикистон шикаста шуд.
Пойгоҳи хабарии ca-news, дар як матлаб аз таърих, буҷа ва баландии миллаи парчамҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна қисса намуда, аксҳоеро ҳам нашр кардааст.
Дар он гуфта мешавад, ки сохтмони миллаи парчами Тоҷикистон 24 ноябри соли 2010 замоне шурӯъ гардид, ки кишвар аз Рӯзи парчами миллӣ ҷашн мегирифт. Расми ифтитоҳи он 30 августи соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлол сурат гирифта ва он ҳамчун баландтарин миллаи парчам ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил шуд. Аммо ба иттилои манбаъ, дар бораи харҷи сохтмони он иттилое рӯи даст нест.
Рекорди пешин ба Озарбойҷон рабт дошт. Миллаи парчами ин кишвар 162 метр ва хазинаи он 32 миллион доллар буд.
Миллаи парчами Туркманистон, ки соли 2008 дар Ишқобод рӯнамоӣ шуд, 133 метр аст. Баландтарин миллаи парчами Қазоқистон, ки дар Остона аст, 111 метр мебошад.
Соли 2012 дар Бол-Болтоқ, наздикиҳои Бишкек миллаи 75-метрии парчами Қирғизистон қомат афрохт.
Сa-news мегӯяд, дар бораи миллаи баландтарин парчами Узбакистон маълумот надорад.
Бар иловаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кореяи Шимолӣ бо миллаи парчами 160 метр, Урдун бо 126,8 метр, Аморати муттаҳидаи Араб 123 метр, Малайзия ва Брализия бо миллаи 100-метрӣ дар ҷаҳон фарқ мекунанд.