Сулҳи ТАЛКО ва Русал баъди судбозии тӯлонӣ
Корхонаи алюминиюми тоҷик «Талко» аз имзои созишномаи сулҳ бо "Русал"-и Русия хабар дод.
«ТАЛКО» ва Русал, ки ҳудуди даҳ соли охир баҳси додгоҳӣ доштанд, ҷузъиёти созишномаи оштиро ошкор накардаанд. Танҳо таъкид кардаанд, ки ҷонибҳо аз ҳар гуна даъвоҳои додгоҳӣ даст кашида, минбаъд талош мекунанд ба манфиати тарафайн ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Тоҷикистон бар асоси созиши ширкатҳо меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсии Душанбе” ва бинои “Созидание”, ки ба Олег Дерипаска, соҳиби “Русал” тааллуқ доранд, ба ихтиёри Талко гузошта шуданд. Дар назар аст, ки ТАЛКО ба ивази ду бино давоми даҳ соли оянда 150 миллион долларро ба Русал пардохт кунад.