Дилшод Назаров гуштии баҳсбарангези Комроншоҳ ва Саидҷалолро меомӯзад
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рафтори Комроншоҳи Устопириёнро зимни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт–2017” ба баррасӣ гирифтааст.
Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар “Наврўзгоҳ”-и пойтахт бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳкими варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ки рӯзи гузашта, 27 март доир шудааст, дар баробари дигар масъалаҳо ба амали Комроншоҳи Устопириён ҳам дахл кардаанд. Ба иттилои манбаъ, дар асоси фармоиши раиси кумита як гуруҳи корӣ ҷиҳати таҳлили мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” аз ҳисоби доварон, мутахассисон, роҳбарони федератсияҳои гуштии миллӣ, дзюдо ва самбо таҳти роҳбарии муовини раиси кумита Дилшод Назаров таъсис шудааст. Торнамо навиштааст, гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, дар муҳлати кутоҳтарин хулосаи қонунии хешро мутобиқ ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии Тоҷикистон ироа намояд. Дар ин ҷараён ҳамзамон, низомномаи одоби варзишгар таҳия ва барои тасдиқ ба ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод мегардад.