Эълони ҳукми лейтенант Саидов дар Додгоҳи олӣ
Ёрибек Саидов, лейтинанти қисми низомии 747-и шаҳри Душанберо ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
Баррасии парвандаи Саидов дар Додгоҳи олӣ ҷараён гирифт ва додрас ӯро дар асоси моддаи 391 қисми 3 банди “а” муҷрим шинохт. Ин дар ҳолест, ки қаблан ӯ тибқи моддаҳои 250 қисми 1 ва 143 прим 1 муттаҳам мешуд ва айбдоркунандаи давлатӣ аз қозии парванда хоста буд, вайро 14 сол аз озодӣ маҳрум намояд.
Баъд аз зуҳри имрӯз, 28 март Ёрибек Саидов сухани охирини худро дар додгоҳ изҳор дошт. Ӯ аснои суханронӣ дар Додгоҳи олӣ гуфт, “қонун чизе мегӯяд, ҳамон шавад”.
Дар баррасиҳои додгоҳии гузашта айбдоркунандаи давлатӣ гуфта буд, 9 сентябри соли 2016 замони навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Рӯзи дигар Ёрибек Саидов, лейтинанти ин қисми низомӣ ҳардуро даъват карда, дашном медиҳад. Ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ, дар пайи фишор ва муомилаи бераҳмонаи Саидов 11 сентябри соли 2016 Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор меовезад. Дар робита ба ин 10 март айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, бар асоси моддаҳои 250 қисми 1 ва 143 прим 1-и Кодекси ҷиноии кишвар Ёрибек Саидов 14 сол аз озодӣ маҳрум гардад.
Ҷӯрабек Қурбонов, падари Ҷаҳонгир мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва аз он шикоят мебарад. Ӯ, ки дар гузашта мегуфт, бояд ба ин афсар ҳукми абад дода шавад, изҳор дошт, ҳадди аққал бояд 20 сол аз озодӣ маҳрумаш мекарданд. Қурбонов қаблан ба "Озодагон" гуфта буд, вақте ҷасади фарзандашро ба онҳо супурданд, дар бадани ӯ изи латту кӯб дида мешуд: “Ман боварӣ надорам, ки ӯ даст ба худкушӣ зада бошад, ба фикри ман ӯро чанд нафар ба қатл расонидаанд".
Дар ҳамин ҳол, Сангин Саидҷонова, модари Ёрибек Саидов низ гуфт аз ҳукми додгоҳ розӣ нест: “Ба нақли писарам ин корро ӯ накардааст. Ман низ мехоҳам тибқи қонун фарзандам ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Хонум Саидҷонова мегӯяд, бо далели надоштани маблуғ натавонист писарашро бо вакили дифоъ таъмин кунад. Вай афзуд: “Соҳиби даҳ фарзанд мебошам, ки Ёрибек охириншон ҳаст. Вақте Ёрибек як сол дошт, падараш вафот кард, ман бо азобу машақати зиёд модари танҳо ӯро ба воя расонидам, ки то ҳол касе аз болои ӯ шикоят накардааст. Ман ба нафақаи худам ӯро хонондаам ва ҳамаи ин гуфтаҳо нисбати писарам туҳмат мебошад”.