Ҷоизаи Матвиенко ба Маҳмадсаид Убайдуллоев
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо нишони фахрии Шӯрои Федератсияи Русия “Барои рушди парламентаризм” қадрдонӣ кардааст.
Дар ин бора сомонаи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ иттилоъ дода, афзудааст, ки Валентина Матвиенко нишони фахриро ба Убайдуллоев зимни як мулоқот рӯзи 27 март додааст.
Ба иттилои манбаъ, Матвиенко ҳангоми мулоқот бо Убайдуллоев гуфтааст, ҳайати Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштироки фаъол дорад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар навбати худ изҳор доштааст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ яке аз майдонҳои муҳиму зарурии муколамаи байнипарлумонӣ ба ҳисоб меравад.