Баррасии мушкили бонкҳо ва андоз дар мулоқоти Нурмаҳмадзода бо Беннет
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби раиси ин бонк бо Филип Беннет, ноиби якуми Президенти Бонки автупоии таҷдиду рушд-БАТР густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ Нурмаҳмадзода аз ҳамкориҳои зич ва дастгирии БАТР дар вазъи буҳронӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, аз тавсеа бахшидани муносибатҳои тарафайн барои беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ, саҳмгузорӣ дар маблағгузории соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амсоли инҳо сухан кард. Ба иттилои манбаъ раиси Бонки Миллӣ таваҷҷуҳи намояндагии БАТР-ро ба масъалаи маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои пешбининамудаи ХБА, дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин устувор гардонидани сиёсати монетарӣ ҷалб намуд.
Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, Филип Беннетт барои тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи низоми бонкии Тоҷикистон изҳори омодагӣ баён намуд: “Мавсуф аз ислоҳот дар низоми бонкии ҶТ, сармоякунонии бонкҳои муаммодор, ба амал омадани фишорҳои буҳронӣ ба низом, ҳалли мушкилоти бонкҳо, аз ҷумла мушкилиҳои андозӣ сухан карда, барои боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тарафайн дар самти низоми бонкии кишвар пешниҳоду машваратҳои ҷолиб манзур намуд”.
Зимни мулоқот инчунин хонум Айтен Рустамова, ки ба тозагӣ роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон интихоб шудааст, ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ идома ва рушд хоҳанд ёфт.