Э.Раҳмон ба Президенти Австрия: Эътимод ба ҳамдигар ба сатҳи назаррас расидааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвонии ҳамтояш аз Австрия -- Александр Ван дер Беллен ӯро дар робита ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин барқия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: “Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар оянда ҳам идома хоҳанд ёфт.
Бино ба иттилои манбаъ, Александр Ван дер Беллен, раисҷумҳури Автрия низ дар як мактуб унвонии Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, муносибатҳо миёни ду кишвар дар 25 сол ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо рушд ёфтанд: “Дар аввал тамосҳо дар асоси ҳусни ният ва эҳтироми мутақобила оғоз гардидаанд. Ба масофаи дури ҷуғрофӣ нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкориҳо мавҷуданд. Гувоҳии ҳамин гуфтаҳо сафарҳои мутақобилаи дуҷониба шуда метавонад. Соли 2013 собиқ Президенти Австрия ҳамчун нахустин Сарвари давлати кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон боздид ба амал овард ва Шумо ҳам чанд маротиба ба Австрия ташриф овардед. Аз ин хотир, ман боварии комил дорам, ки муносибатҳои кунунии дӯстӣ дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт”.
Ба таъкиди ӯ, “ба Австрия ҳамчун аъзои Иттиҳоди Аврупо арзишҳои аврупоӣ барои робитаҳои мо аҳамияти калон дорад. Австрия, ки нимаи дуввуми соли 2018 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад ва мо диққати хешро барои таҳкиму густариши робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо равона хоҳем кард”.
Акс аз бойгонӣ