Ҷузъиёти афви тоҷикон дар Русия: Кӣ афв шуду кӣ не?
Мақомоти Тоҷикистон аз афви гуруҳи муҳоҷирони мамнуъ-ул-вуруди тоҷик дар Русия ва имкониятҳои нав барои қонунӣ кардани будубош дар ин кишвар хабар доданд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аз 25 март то 24 апрел дар тамоми қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ҳеҷ гуна ҷавобгарӣ, имкони қонунӣ гардонидани будубош, ба қайд гирифтан ва тамдид намудани мӯҳлати будубошашон дар мақомоти умури муҳоҷирати Русия фароҳам сохта шудааст: “Дар муддати ин як моҳ ягон шаҳрванди Тоҷикистон барои қоидавайронкунии будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад ва афроде, ки муҳлати будубошашон гузашта бошад ҳам, метавонанд, дар муҳлати як моҳ ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷиратӣ рафта, муроҷиат кунанд. Ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд дода мешавад. Агар шаҳрванд ба қоидавайронкунии маъмурӣ, ки сабаби ихроҷ шуданаш бошад, роҳ дода бошад, метавонад ба шуъбаи мақомоти муҳоҷиратӣ муроҷиат кунад, дар ин ҳол нисбати он ягон чораи маъмурӣ андешида намешавад”.
Ба қавли Иброҳим Аҳмадов ҳангоми муроҷиати шаҳрванд ба ӯ корти муҳоҷиратӣ ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз аз рӯзи муроҷиат дода мешавад ва имкон дорад дар ин муҳлат будубоши худро ба таври расмӣ қонунӣ гардонад.
Дар мавриди шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки қаблан дар Русия ба феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид шудаанд, Иброҳим Аҳмадов гуфт, “тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР (собиқ ФМС Россия) оид ба манъи вуруд, ки дар асоси қонуни моддаи 26. п.4. ва п.8 –и ФР “ФЗ№114 оид ба тартиби вуруд ба ФР ва баромад аз ФР” боиси манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст, бекор карда мешавад. Яъне, шаҳрванди ҶТ, ки қаблан дар давоми будубошаш дар ҳудуди ФР бо қоидавайронкунии моддаи 26. п.4. ва п.8 –и ФР “ФЗ№114 оид ба тартиби вуруд ба ФР ва баромад аз ФР” вурудаш ба ФР манъ шудааст, вурудаш кушода мешавад”.
Сухангӯи Хадамоти муҳоҷират шарҳ дод, ки яъне шаҳрвандоне, ки мутобиқи моддаи 26. п.4 дар давоми 3 соли будубоши қаблияшон дар ҳудуди ФР то 3 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират содир намудаанд ва тибқи ҳамин меъёр вурудашон манъ шудааст, ё тибқи моддаи 26.п. 8 дар давоми будубоши қаблияш баъди гузашти 30 рӯз аз муддати қайди 90-рӯзаи будубош аз қаламрави ФР набаромадааст ва бо ин сабаб вурудаш манъ шудааст, баъд аз муроҷиат ба мақомоти муҳоҷиратии ҳудудӣ дубора иҷозати вуруд мегиранд: “Ин меъёр нисбати шаҳрвандоне, ки бо қарори суд ихроҷ (выдворение) ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки бо қоидавайронкуниҳои дигар, аз ҷумла моддаи 18.8 ва 18.10 КоАПП РФ ва ё ҷиноят содир кардаанд ба ин категория дохил намешаванд”.
Аҳмадов афзуд, масъулини тоҷик айни ҳол муҳтавои қарори мазкурро ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонда истодаанд: “ Дар сурати пайдо шудани ягон мушкилоту нофахмоӣ ва ё маълумоти бештар дар хамин масъала муҳоҷирон метавонанд, ба унвони Намояндагӣ бевосита бо телефонхои зерин мурочиат намоед: +7 +7(495)967-98-44, +7(926)255-09-27, +7(968) 399 0404 шаҳри Маскав. +992 (44) 640 19 51, +992 (44) 640 91 99 (NGN –Тоҷикистон)”.
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи афви муҳоҷирон бо забони русӣ:
П А М Я Т К А об оказании содействия гражданам Республики Таджикистан, пребывающим на территории РФ с превышением установленного действующим законодательством срока и обратившимся в территориальные органы МВД России на районном уровне в период с 25 марта по 24 апреля 2017 года
1. Не привлечение граждан Республики Таджикистан к административной ответственности за нарушение требований миграционного законодательства РФ, если данное административное наказание может повлечь административное выдворение за пределы Российской Федерации.
2. При обращении в отделы полиции граждан Республики Таджикистан, в том числе пребывающим на территории РФ с превышением установленного действующим законодательством срока, будет:
2.1. Предоставляться государственная услуга по продлению срока временного пребывания на территории РФ на 90 суток с даты подачи заявления путем проставления соответствующей отметки в миграционной карте и продления миграционного учёта по месту временного пребывания.
2.2. При утрате миграционной карты будет выдаваться её дубликат при необходимости с продлением срока временного пребывания в РФ.
3. Отмена ранее принятых решений об ограничении въезда в РФ Гражданам Республики Таджикистан, которым ранее ограничивался въезд на территорию РФ по основаниям: за 2 и более в течение 3 лет привлечения к административной ответственности в РФ (п.п. 4 ст. 26 Федерального закона от 15.08.1996 № 114-ФЗ); в период своего предыдущего пребывания в РФ не выехали до истечения 30 суток со дня окончания срока временного пребывания (п.п. 8 ст. 26 Федерального закона от 15.08.1996 № 114-ФЗ).
В случае возникновения сложностей и непониманий можете обращаться в Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения РТ в РФ по миграции по телефонам
+7 +7(495)967-98-44, +7(926)255-09-27, +7(968) 399 0404 г. Москва
+992 (44) 640 19 51, +992 (44) 640 91 99
(NGN - Таджикистан).