Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми март қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақдро 8,25 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки дар қиёс бо ҳафтаи гузашта боло рафтааст.
Тибқи овезаҳои қурби бонкҳои тиҷоратӣ қурби як доллар барои имрӯз 8,24-8,25 сомонӣ, қурби 1000 рубл -144 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби як доллари амрикоиро имрӯз, 17-уми март дар бозори байнибонкӣ низ боло бурда, 8,1449 сомонӣ муайян карда, арзиши рублро 0,1401 муқаррар намудааст.
Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон мегӯянд, дар бисёри бонкҳо харидани доллар ғайриимкон аст: "Мегӯянд доллар надорем".
БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.