Ҳалокати ду ҷавон дар садамаи нақлиётӣ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 26-уми март дар пайи бархӯрди “Мерседес” бо симчӯби канори роҳ ду ҷавон ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 29-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст: “Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофир-марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ афзуд, мусофири дигар - марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.