Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Асғари Шеърдӯст мулоқот кард.
Тавре аз маркази матбуоти ин вазоратхона ба «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи аграриву саноатӣ ибрози андеша карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки байни Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии ҷумҳурии Исломии Эрон ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Маврид ба ёдоварист, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ дар 10 моҳи соли 2011 байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Исломии Эрон 165 милион 551 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад:аз он ҷумла содирот 33 миллиону 513 ҳазор доллари ИМА ва воридот 132 миллион 038 ҳазор доллар.