Сафари чоррӯзаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе бо як сафари чоррӯза ба Русия меравад.
Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин сафар имрӯз, 25 март бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Вячеслав Володин, раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. “Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев то 29 марти соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург идома ёфта, тибқи барномаи сафар раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Шӯро, Иҷлосияи чилушашуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи зикршуда, инчунин ҷаласаи Шӯрои Парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба муносибати 25-солагии ба имзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конфронси парламентии муштараки Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ бо Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд”,-афзуд ӯ.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соли 2000 ба ин сӯ курсии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ӯ ҳамчунин тайи 20 соли ахир раиси шаҳри Душанбе ҳам буд ва моҳи январи имсол аз ин мақом барканор гардид.