Футболбозони Тоҷикистону Баҳрайн ба дарвозаи якдигар 1 голӣ заданд
Мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими миллии Баҳрайн бозии дӯстонаро мусовӣ ба поён бурданд.
Ин дидор рӯзи гузашта, 23 март дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн дар шаҳри Риффа баргузор шуд. Ҳисобро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари яккачини Тоҷикистон дар дақиқаи чорум боз кард. Комил Ал-Асвод дар дақиқаи иловагӣ ҳисобро баробар сохт.
Ин севумин бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Баҳрайн буд. Аз ин пеш ин ду дастаҳо соли 2004 дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 ду бор бо ҳам рақобат карда буданд.