Машқҳои зиддитеррористии ҳарбиёни Тоҷикистону Русия
Неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия ба тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ омода мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин машқҳо аз 27 то 30 марти соли равон дар 7 размоишгоҳ -- “Лоҳур”, “Сумбула”, “Мумирак”, “Ҳарбмайдон”, “Ҳалқаёр”, “Фахробод” ва “Лоҳур” баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни он беш аз 40 ҳазор сарбозу афсар ва неруҳои захиравӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ иштирок хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ мегӯянд, аз ҷониби Русия дар ин тамринҳо подразделенияи пойгоҳи 201-и Округи марказии ҳарбӣ иштирок мекунад.