Мавқеи хушҳолнакунандаи Тоҷикистон дар рейтинги хушбахтӣ
Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое бо аҳолии хушбахт мақоми 96-ро ишғол мекунад.
Ин рейтинг, ки аз ҷониби созмони Sustainable Development Solutions Network бо дархости СММ тартиб дода шудааст, имрӯз дар Рӯзи ҷаҳонии хушбахтӣ нашр шуд.
Миёни кишварҳои Осиёи Миёна мақоми беҳтарро Узбакистон касб намудааст. Коршиносони Sustainable Development Solutions Network ин кишварро дар зинаи 47-ум нишондаанд. Туркманистон дар ҷойи 59, Қазоқистон дар зинаи 60 ва Қирғизистон дар мақоми 98 қарор доранд.
Ба андешаи муаллифони гузориш хушбахтарин мардуми дунё дар Норвеж зиндагӣ мекардаанд. Дания, Исландия, Швейтсария, Финляндия, Нидерланд, Канада, Зеландияи Нав, Австралия ва Шветсия шомили даҳгонаи аввал шудаанд.
Дар охири феҳраст Руанда, Сурия, Танзания, Бурунди қарор доранд.
Пажуҳиш 155 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад ва муаллифон ҳангоми таҳияи он шаш омилро ба инобат гирифтаанд: ММД сари ҳар сокин, давомнокии зиндагӣ, ёрии иҷтимоии аҳолӣ дар шароити вазнин, мизони боварӣ ба мақомот, тасмимгириҳои озоди аҳолӣ ва саховатмандӣ.
Акс аз бойгонӣ