Фатвои Шӯрои уламо дар бораи ҷашни Наврӯз
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво додааст, ки таҷлили Наврӯз ҳеч мухолифате бо дини Ислом надорад.
Исфандиёр, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки “Наврӯзро ҷашн гирифтан ҷоиз аст? Агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда, таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?”
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад: “Дар шароити феълӣ Наврӯз ба ҳайси иди баҳор ва оғози мавсими киштукор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол гирифта мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда, ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад. Чунки Шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.