Санаю ҷойи мулоқоти Президент бо зиёиён дақиқ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имсол бо зиёиёни кишвар 20-уми март дар Кохи Наврӯз мулоқот мекунад.
Ба иттилои манобеи “Озодагон” мулоқоти мазкур соати 14:00 дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар назар аст.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқот бо зиёиёни эҷодкорро интихоб намуд, ки ба иттилои дафтари матбуоти Президент дар ин рамз “нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд”.
Мулоқоти Президент бо зиёиён ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор мешавад.