Футболбозони тоҷик бо Урдун, Фаластин ва Бангладеш рақобат мекунанд
Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 муайян гардид.
Қуръакашии марҳилаи интихобии сабқати қаҳрамонии Осиё-2018 имрӯз, 17 март дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Урдун, Фаластин ва Бангладеш шомили гуруҳи “Е” гардид.
Бозиҳои ин гуруҳ аз 19 то 23 июл дар Фаластин доир мегардад. Барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 42 дастаи мунтахаб, ки ба ду минтақа тақсим шудааст, дархост пешниҳод кардаанд.
Марҳалаи ниҳоии бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2018 аз 9 то 27 январ дар Чин баргузор гашта, ба он ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастае, ки дар гуруҳҳои худ аз рӯи нишондиҳандаҳо ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, роҳ меёбанд.
МИНТАҚАИ ҒАРБ
Гуруҳи “А”: Эрон, Умон, Қирғизистон (мизбон), Шри-Ланка;
Гуруҳи “В”: Ироқ, Арабистони Саудӣ (мизбон), Баҳрайн, Афғонистон; Гуруҳи “C”: Қатар (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Туркманистон.
Гуруҳи “D”: Амороти муттаҳидаи Араб (мизбон), Узбекистон, Лубнон, Непал;
Гуруҳи “E”: Урдун, Тоҷикистон, Фаластин (мизбон), Бангладеш;
МИНТАҚАИ ШАРҚ
Гуруҳи “F”: Австралия, Мянмар (мизбон), Сингапур, Бруней;
Гуруҳи “G”: Кореяи Шимолӣ (мизбон), Лаос, Тайбеи Чин, Ҳонконг; Гуруҳи “H”: Тайланд (мизбон); Индонезия, Малайзия, Муғулистон; Гуруҳи “I”: Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам (мизбон), Тимори шарқӣ, Макао;
Гурӯҳи “J”: Ҷопон, Чин (мизбон), Камбоҷа, Флиппин;