Мулоқоти 2-юми Рустами Эмомалӣ бо бонкдорони аврупоӣ
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои бори дуюм бо масъулини Бонки аврупоии таҷдиду рушд мулоқот карда, масоили нақлиёти мусофирбарӣ, обтаъминкунӣ ва поксозию идораи партовҳоро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Талай Асилбеков, роҳбари ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд 16 март баргузор гардид: “Ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳоро дар соҳаи инфрасохтори мунисипалӣ, бахусус бахшҳои гармидиҳӣ, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо, тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ, обтаъминкунӣ ва ғайра таҳлил намуда, роҳу усулҳои рушду тавсеаи робитаҳоро муайян карданд”.
Ин дуюмин мулоқоти Рустами Эмомалӣ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад. Шаҳрдорӣ ният дорад, пули бонкдорҳои аврупоиро барои таъмини инфрасохтори хуби об, гармӣ ва мусофирбарӣ дар пойтахт ҷалб намояд.