Тағйироти кадрӣ: Аз таъини масъули нави амнияти нерӯгоҳҳо то мансаби Камолова
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17-уми март бо имзои қарорҳои ҳукумат як қатор тағйироти кадриро амалӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор кардааст, ки Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» таъин карда шавад: “Инчунин Муминов Ҳикмат Ҳалимович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд”.
Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон Замонзода Мадамон Амирхонро сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст.
Баҳодур Исупов, раҳбари қаблии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ охири соли гузашта дар пайи садамаи Норак аз мақомаш истеъфо дода буд. Истеъфои Исупов дар ҳоле буд, ки шоми 28-уми октябри соли 2016 дар пайи садама дар низоми гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади аҳолии кишвар, аз ҷумла пойтахт пурра бебарқ монда буд ва дар пайи он Исупов истеъфо дод.