Саҳҳомон оинномаи “Тоҷиксодиротбонк”-ро тағйир доданианд
“Тоҷиксодиротбонк” санаи маҷлиси умумии солонаи саҳҳомонашро эълон кард.
Торнамои расмии ин ниҳоди молӣ мегӯяд, ин маҷлис дар асоси қарори Шӯрои нозирони бонк 29 апрели соли равон баргузор мешавад. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” дар соли 2016, ҷамъбасти фаъолияти бонк дар семоҳаи аввали соли 2017, ҳисоботи Кумитаи аудит доир ба натиҷаҳои соли 2016 аз мавзӯъҳои аслии баррасишаванда будааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин саҳҳомон
тавозуни бонк ва ҳисоботи фоидаву зарар дар соли 2016-ро баррасӣ намуда, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи бонкро ба баҳс мегиранд.
“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонке аст, ба мушкили молӣ дучор шуд. Баъд аз анҷоми маъмурияти муваққатӣ, ки 7 моҳ идома кард, Тоҷиддин Пирзода, дубора ба курсии раҳбарии бонк нишаст.